Ярмарка ба муносибати фаросарии иди Фитр

Имрӯз,30 апрели соли 2022 бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дастгоҳи Марказии он ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои кормандон баргузор шуд, ки ба иди Фитр бахшида шуда буд.

Дар ин ярмарка он маҳсулоти кишоварзие бо нархи поинтар аз нархи бозор ба фурӯш бароварда шуда буд, ки дар хоҷагиҳои ёрирасони Кумита парвариш карда мешаванд.

барчасп: