Мулоқоти кории Раиси КҲФ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

29 апрели соли 2022 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглуро ба ҳузур пазируфт.

Дар  мулоқот масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи СММ ва Кумита дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва ташкили Форуми навбатии Ҷаласаи минтақавии роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ шуданд.

Дар масъалаи якум раиси Кумита дар бораи захираҳои мавҷудаи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, девораҳои оҳану бетонӣ, турҳои ҳимоявӣ дар анборҳои КҲФ нақл кард.  Вай зикр намуд, ки бо мақсади вокунишҳои сареъ ба селҳои эҳтимолӣ ва пешгирӣ аз онҳо ва дигар офатҳои табиӣ бояд шумори захираҳо афзуда шаванд ва КҲФ аз СММ мехоҳад дар ин масъала кумак намояд.  

Дар масъалаи дуюм Раиси Кумита ба хонум Синаноглу гуфт, ки моҳи ноябри соли 2021 дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекситон шаҳри Тошканд Форуми минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуда буд. Дар поёни ин Форум як Проотоколе ҳам ба имзо расида буд, ки ҳамаи механизмҳои ҳамкориҳои минтақавӣ миёни идораҳои наҷоти ин кишварҳо дар он пурра инъикос шуда буд. Ҳамчунин дар ин протокол қарор шуда буд, ки Форуми навбатӣ моҳи октябри соли 2022 дар шари Душанбе баргузор гардад.

Дар ҳамин иртибот дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ташкил ва баргузории ин чорабинии басо муҳими байналмилалиро дар сатҳи олӣ  мавриди баррасӣ қарор доданд. 

 Дар навбати худ Ҳамоҳангсозии доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу ба ҳалли вазифаҳои дар пешистода дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи РЕАКТ изҳори умед намуд.

 

барчасп: