Тибқи нақшаҳои қаблан таҳияшудаи тайёрии мудофиаи гражданӣ аз ҷониби кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ҷамоати деҳоти Кабудсанги шаҳри Панҷакент чорабинӣ гузаронида шуд.
Дар тамрини намоишӣ роҳбарияти шуъбаи маориф, директорони мактабҳо, кормандони шабакаҳои барқ, хадамоти ёрии таъҷилӣ, дастаҳои оташнишонӣ ва хонандагону омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.
Дар рафти машқ, ҳамоҳангии қувва ва воситаҳои зернизомҳои ҳудудии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва нерўҳои ғайриҳарбии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии номбурда ба роҳ монда шуд.
Нерўҳои ғайриҳарбии муассисаи таълимӣ то ҳозир шудани қувваҳои зернизомҳо, барои бартараф намудану пешгирии ҳолатҳои фавқулодда амалиётҳо анҷом дода, аз ўҳдаи вазифаҳои ба онҳо гузошта шуда, баромаданд.