Қасди худкушии ду ҷавон дар рӯди Сир. Духтар худро наҷот дод, ҷавон ғарқ шуд. Ҷустуҷӯи ҷасад идома дорад

Ҷустуҷӯи ҷасади як сокини 21-солаи деҳаи Пардуди ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ, ки ахиран дар рӯди Сир ғарқ шуда буд, идома дорад. Дастае аз ғаввосону имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дуюмин рӯз аст ба корҳои ҷустуҷӯ ҷалб шудаанд.

Рӯзи гузашта, 28 – уми апрел соати 10:05 бо вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар шаҳри Хуҷанд хабар расид, ки аз пули  “Юбилейный”, воқеъ дар қаламрави шаҳри Хуҷанд ду нафар: писар ва духтари ҷавон худро ба об сарозер карданд.

Наҷотдиҳандагон фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд. Духтар худ мустақилона аз оби сард берун омад, вале ҷавон ғарқ шуд.

Маълум гардид, ки ин ду нафар, ки яке сокини 21-солаи ноҳияи Айнӣ, донишҷӯи яке аз мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд ва духтари 18-сола, сокини дуҳаи Нурафшони ноҳияи Леваканти вилояти Хатлон худро ба қасди худкушӣ ба оби Сир ҳаво додаанд. 

Ҳамон рӯз то фаро расидани торикӣ ғаввосон ба ҷустуҷӯи ҷасади ҷавон идома доданд, вале пайдо нашуд. Субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯву наҷот аз сар гирифта шуданд. 

Сабаби даст ба худкушӣ задани ин ду ҷавон маълум нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

барчасп: