Имдодгарон боз ду дари бастаро дар маҳалҳои гуногуни шаҳри Душанбе боз карданд

Шабонарӯзи гузашта ба имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду маротиба лозим омад, ки бо даъвати шаҳрвандон дари бастаи манзили истиқоматии онҳоро боз кунанд.

Занги аввал аз як хонум, истиқоматкунандаи кӯчаи Корвон 3 расид. Бонуи ҷавон мегуфт, ки дар тавре маҳкам шудааст, ки мустақилона наметавонад онро боз кунад ва вориди хона шавад.

Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро беосеб боз карданд.

Даъвати дуюм соати 22:49 дақиқа расид. Сокини кӯчаи Нисор Муҳаммад, 13 ба қисми навбатдорӣ занг зад ва хабар дод, ки дари хонаи истиқоматиаш баста шудаву дохили хона фарзанди 10-солааш танҳо мондааст. 

Наҷотдиҳандагони Раёсат ба ҷойи ҳодса расиданд ва дарро боз кардаву мушкили соҳибхонаро осон карданд. Кӯдаки дар хона танҳомонда ниёз ба ягон ёрии тиббӣ надошт.

Имдодгарон бо волидони ӯ ҳамсуҳбат шуданд ва аз паёмадҳои эҳтимолии дарҳои баста ва кӯдакони танҳо дар хона гуфтанд. Онҳо ёдовар шуданд, ки ин гуна  ҳодисаҳо метавонанд хатарҳо ба ҷони ноболиғон ё сар задани ҳар гуна ҳолатҳои нохӯш дар дохили манзил шаванд.

Аз ин рӯ, ҳаргиз маслиҳат нест, ки падарону модарон фарзандони ноболиғи худро танҳо мондаву худ муддати дурудароз пайи кору вазифа раванд. Ҳангоми берун шудан аз хона бояд аввалтар аз ҳама калидро бо худ гирифт, то мушкиле пайдо нашавад.

барчасп: