Дар доираи якмоҳаи мудофиаи гражданӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои пешгириро дар муассисаҳои таълимӣ идома медиҳанд. То кунун як силсила дарсҳову тамринҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ гузаронида шуданд.
Ҳамин гуна як тамрини омӯзишӣ ахиран дар муассиаи таҳсилоти умумии №1 шаҳри Хоруғ низ гузаронида шуд.
Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ба ширкаткунандагон амалан нишон доданд, ки дар сурати расидани сигнали огоҳкунандаи мудофиаи гражданӣ бояд аз воситаҳои ҳимояи шахсӣ чӣ гуна истифода баранд. Дар ин омӯзишҳо расонидани ёриҳои аввалия ба зарардидагон низ тамрин шуданд.
Дар ин чорабиниҳо бачаҳо донишҳои андӯхтаи худро ғанӣ мекунанд ва бо истифода аз дарсҳои амалӣ малакаҳои худро дар корҳои наҷот ва расонидани кумакҳо ба зарардидагон ва чӣ гуна муносибат кардан дар ҳолатҳои фавқулодаро таҳким мебахшанд.
Нуқтаи охири ин тамринҳо интиқоли одамон аз маконҳои зарардида ба ҷойҳои амн аст. Кормандони наҷот роҳу шеваҳои бехатари ин гуна интиқолҳоро ба ширкаткунандагон мефаҳмонанд ва амалан нишон медиҳанд.