Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 тибқи банди 4-и нақшаи мазкур таҳти раёсати раиси ноҳияи Панҷ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Исозода С. ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба фаъолияти шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Панҷ дар семоҳаи аввали соли 2022, омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирии ҳодисаҳои фавқулодда дар давраи баҳору тобистон, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 № 778 «Қоидаҳои ташкил ва истифодаи захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ» дар ноҳия, банақшагирӣ ва иҷрои корҳои соҳилбандӣ, роҳандози корҳои таблиғотӣ оид ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохӯш дар мавсими оббозӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ва воҳидҳои ҳудудии Низоми ягонаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти мудофиаи гражданӣ, роҳбарони иншооти хоҷагӣ, раисони ҷамоату маҳаллаҳои ноҳия иштирок намуданд.
Дар ҷамъбаст қарорҳои дахлдор қабул карда, муҳлатҳои иҷрои онҳо мушаххас карда шуданд.