Ду хабари рӯзи гузашта ва ду тавсияи КҲФ

22 апрели соли 2022 соати 18:00 як сокини 13-солаи деҳаи Ваҳдати ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи деҳа дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехтарарӣ ғарқ шудааст.

Ба ҷойи ҳодиса имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фиристода шуданд. Онҳо ҷасади писаракро пайдо карда, ба хешовандонаш супурданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо як ҷаҳон эҳтиром ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки қоидаҳои бехатарии оббозиро ҷиддан риоя куананд. Бахусус волидон  масъуланд, ки фарзандони ноболиғи худро танҳо ба махзанҳои об нафиристанд ва ҳатман онҳоро ҳамроҳӣ кунанд. Ҳар амали бепарвоӣ ҳамин гуна оқибатҳои фоҷеавӣ хоҳад дошт. 

Боронҳои пуршиддати шаби гузашта сабабгори сангрезӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар шуданд. Аз ҷумла, 22 апрели соли 2022 тахминан соати 15:11 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар роҳи мошингарди Кӯлоб – Ш.Шоҳин – Дарвоз, дар наздикии деҳаи Анҷирободи ноҳияи Шоҳин ҳамин гуна резиши санг ба қайд гирифта шуд. Дар айни замон ин хатар бартараф шуда, роҳ боз аст ва мошинҳо ба ду ҷониб дар ҳоли ҳаракатанд.  Ин сангрезиш талафоти ҷониву паёмадҳои дигари хатарнок надошт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар рӯзҳои боронӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳамоно барои рафтан ба кӯҳҳо барои  ғунучини ҳезуму дорувор эҳтиёткории зиёд мехоҳад. 

Ёдовар мешавем, ки ҳаноми рух додани ин ё он ҳодисаи фавқулода шумо метавонед бо рақамҳои зерин занг занед ва аз Қисми навбатдории КҲФ ёрии фаврӣ хоҳед: 112, 93 880 28 19221-91-19, 223-13-11.

барчасп: