Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 96-и пойтахт кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе Рӯзи мудофиаи граждании намоишӣ ташкил ва баргузор намуданд. Чорабинии мазкур дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022» баргузор гардид.
Дар тамрини намоишӣ муовини раиси ноҳия, роҳбарияти шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино, наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднаии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кормандони шабакаҳои барқ, ёрии таъҷилии тиббӣ, хадамоти сӯхторнишонӣ, ин чунин хонандагон ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.
Ҳадаф шиносоӣ ва рушди малакаҳои рафтори донишҷӯён дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Дар ин рӯз тибқи мавзӯи омӯзиш – «Ҳодисаҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, усулҳои амал дар ҳолати рух додани онҳо» маҷмӯи чорабиниҳо оид ба асосҳои бехатарии ҳаёт гузаронида шуданд.
Рузи мудофиаи гражданй пур аз чорабинихое буд, ки дар онҳо тамоми коллективи мактаб иштирок дошт.