Наҷоти шаҳрванди 22-солаи Қирғизистон дар ҳавзи оббозии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд

Ҷавони бистудусола, шаҳрванди Қирғизистон дар ҷойи мамнуъ шиноварӣ мекард ва чун дарунтар рафт, ҳисс кард, ки ғарқ мешавад.
Кормандони Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд ҷавонеро, ки дар ҳоли ғарқ шудан буд, наҷот доданд. Кормандони Кумита садо ва имои даъват ба наҷоти марди ношиносро мушоҳида карданд ва филҳол худро ба назди ӯ расонданд.
Ин ҳодиса дар ҳавзи оббозии фарҳангиву дилхӯшии порки  “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд рух дод. Маълум шуд, ки ин ҷавон дар ҷойи мамнуъи ҳавз оббозӣ мекард. Вақте дарунтари ҳавз шино кард, якбора ҳисс намуд, ки ғарқ мешавад. Вай неруи худро барои бозгашт аз масофаи дур ба ҳисоб нагирифта буд ва аллкай дар нимароҳи бозгашт нафасгир шуд.
Кормандони наҷоти Кумита мардро аз об берун оварданд. Хушбахтона, вай ба ёрии тиббӣ эҳтиёҷ надошт, чун наҷотдиҳандагони КҲФ сари вақт ба имдодаш расида буданд. 
Маълум гардид, ки ҷавон Исмоилҷон Исмоилов, шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, сокини  шаҳри Исфана буда,  22 сол доштааст.
Маврид ба ёдоврист, ки дар мавсими оббозӣ чӣ рӯзҳои истироҳат ва чӣ рӯзҳои дигар кормандони наҷоти Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар ҷойҳои оббозӣ ҳозир мешаванд ва атрофро ботаваҷҷуҳ назорат
мекунанд. 
Танҳо дар вилояти Суғд бо талоши наҷотдиҳандагонии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози мавсими оббозӣ 8 нафар наҷот дода шуданд.

барчасп: