19 октябри соли 2022 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумита давраи омӯзишии панҷрӯза барои кормандони КҲФ, аъзои гурӯҳҳои кории назди Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда оид ба арзёбии хисороти расида ба биноҳои истиқоматӣ ва сохтмонҳо оғоз гардид.
Коршиносони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани дарсҳо даъват карда шуданд. Қарор аст онҳо дар мавзӯҳои «Баррасии меъёрҳои азназаргузаронӣ ва арзёбии техникии биноҳо ва иншоот», “Тартиби гузаронидани санҷиши ҳолати техникии биноҳо ва иншоот», «Қоидаҳои арзёбии фарсудашавии ҷисмонии бино ва иншоот», «Намудҳои арзёбии ҳолати физикии фарсуда шудани иншоот» лексия хонанд.
Дар рафти машгулият ба шунавандагон инчунин фаъолияти системаи ягонаи давлатии пешгирй ва рафъи холатҳои фавқулодда дар ҷумҳурӣ, тартиби кори комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда, тартиби расонидани ёрии яквақтаи моддӣ ба зарардидагон дар холатхои фавкулодда, қоидаҳои ташкил ва истифодаи захираҳои моддӣ, таснифи ҳолатҳои фавқулодда ва тартиби аз минтақаҳои хавфноки табии кӯчонидани аҳолӣ фаҳмонида шуданд.
Баъди анҷоми ин давраи омӯзишӣ қарор аст дастурамалҳо барои гурӯҳҳои кории назди Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда таҳия карда шаванд.
Ба ин омӯзиш 20 нафар мутахассисони раёсатҳои асосии КҲФ ҷалб шудаанд.