Бо мақсади иҷрои супоришҳои раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди расонидани ёрии амалӣ ва методӣ дар ташкили кори шӯъбаву зершӯъбаҳои Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон, инчунин таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят , гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси КҲФ полковник Латифзода Х. ва муовини раиси Кумита полковник полковник С.Исозода ба кор оғоз намуд.
Аз ҷумла, 19-уми апрели соли 2022 дар шӯъбаҳои КҲФ воқеъ дар ноҳияҳои Панҷ, Ҷ.Балхӣ, Балҷувон ва Данғараи вилояти Хатлон санҷиши иҷрои нақшаҳои тасдиқшудаи корӣ ва супоришҳо, роҳандозии чораҳои нақшавиву ғайринақшавии мудофиаи гражданӣ, пешгирии офатҳои табиӣ гузаронида шуда, фаъолиятҳои корӣ ва хидматӣ ва ғайра арзёбӣ шуданд.
Дар ҷараёни санҷишҳо ҳамчунин гузаронидани ҷаласаҳои Комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулодда бо иштироки раисони ин комиссияҳо дар назар аст.
Рӯзи гузашта, 19 апрели соли равон ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон доир шуд.
Инчунин, гурўҳи корӣ ташкили кори инфиродии тарбиявӣ, шароити хизматрасонӣ ва ташкили истироҳати кормандонро низ месанҷад.
Бо роҳбарият ва ҳайати шахсии воҳидҳо дар масъалаҳои риояи интизоми меҳнат ва хизматӣ, маҳдудияту мамнӯъиятҳои марбут ба хизмат дар низоми КҲФ суҳбатҳо гузаронида мешаванд.