Машғулиятҳои амалии мудофиаи гражданӣ дар мактабҳои вилояти Хатлон

Ҳамасола дар доираи ин рӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои мавзӯӣ ва омӯзишии намоишӣ оид ба омодагӣ ба вокуниш ба оқибатҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ гузаронида мешаванд.

Кормандони Кумита дар ин машғулиятҳо ба бачаҳо дар бораи таърихи ташаккул ва инкишофи системаи мудофиаи гражданӣ дар кишвар, нақши имрӯзаи он  накл мекунанд.

Чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Бохтар, Левакант, ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва Шаҳритӯси вилояти Хатлон баргузор шуданд.

Аз ин машғулиятҳо хонандагон фаҳмиданд, ки мудофиаи гражданӣ ин маҷмӯи чорабиниҳои омодагӣ ба ҳимоя ва ҳифзи аҳолӣ, сарватҳои моддӣ ва фарҳангии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хатарҳои дар натиҷаи муноқишаҳои ҳарбӣ ё ҳодисаҳои фавқулодаи табииву техногенӣ мебошад.

Дар ҷараёни машғулиятҳои амалӣ ба хонандагон амалан нишон доданд, ки дар ҳоли шунидани сигнали мудофиаи гражданӣ чӣ бояд кунанд ва аз дастгоҳу таҷҳизотҳо ҳимояи шахсӣ чӣ гуна бояд истифода баранд. Ба зарардидагон чӣ гуна бояд ёрии аввалии тиббӣ расонд.

барчасп: