Бо мақсади татбиқи Барномаи таълимии Кумита оид ба баланд бардоштани малака ва дониши ҳайати низомии КҲФ дар байни даъватшавандагони Кумита давраи омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар давоми як моҳ аз ҷониби кормандони Кумита ба сарбозон дар бораи Оинномаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи Истиқлоли давлатӣ, маънои рамзҳои давлатӣ, забони давлатӣ, нақш ва аҳамияти Иҷлоссияи 16-уми Шурой Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳиссаи Тоҷикистон дар муборизабар зидди терроризм дарс гуфтанд.
Мақсад аз баргузории омӯзиш баланд бардоштани сатҳи дониш, саводнокӣ ва шуурнокии ҳайати ҳарбӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, таъмини вазъи ахлоқию маънавӣ ва таҳкими интизоми ҳарбии сарбозоне мебошад, ки дар қисмҳои ҳарбии Кумита хизмат мекунанд.