Боздид аз урдугоҳҳои муваққатӣ барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон

Дирӯз, 13-уми апрел намояндагони ташкилоти байналмиллалии «ЮНИСЕФ», хазинаи Агенти Оғохон оид ба макони зист, Раёсати СММ дар умури паноҳандагон аз урдугоҳҳо барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон, ки дар қаламраи Хадамоти зиддижолаи КҲФ дар деҳаи Саноати ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон ҷойгир мебошад, дидан карданд.

Меҳмононро муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник С.Исозода ҳамроҳӣ мекард.

Маврид ба зикр аст, ки бошишгоҳ бо 64 хаймаи чӯбкоришуда, неруи барқ, хатти оби нушокй, ошхона, хаммом таъмин карда шудааст.

Сохтмон дар ин бошишгоҳи муваққатӣ ҳамоно идома дорад.

 

барчасп: