Баргузории ҷаласаи коллегияи КҲФ ҳузурӣ ва онлайн

Зарфи се моҳ дар қаламрави Тоҷикистон 520 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва рӯйдодҳои нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки 19 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расонд. Ин ҳодисаҳо ба боронҳои пуршиддат, лағзиши тармаву ярч ва резиши санг алоқаманд буданд. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 5 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд.

12 – уми апрели соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумита генерал-полковник Рустам Назарзода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолиятҳои идора дар семоҳаи аввали соли 2022 ҳузурӣ ва онлайн баргузор шуд. 

Дар ин ҷаласа сарварони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии КҲФ, фармондеҳони як қатор қисмҳои ҳарбӣ, сарварони шуъбаҳо, зершуъбаҳои ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд, вилояти Хатлон, ВМКБ, шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоб тариқи иртиботи видеоӣ ширкат намуданд.

Дар рӯзнома ду масъала барои барарсӣ пешниҳод шуд: Омодагии қувва ва воситаҳои КҲФ ба мавсими баҳориву тобистонӣ ва омодагиҳои ҳарбии воҳидҳои низомии Кумита.

Дар ҷаласа чорабиниҳое, ки дар семоҳаи аввал роҳандозӣ шуданд, дастовардҳо ва камбудиҳо, ҳамчунин тадбирҳои муҳиме, ки бояд дар семоҳи дуюм дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд андешида шаванд, муфассал мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки зарфи се моҳ дар қаламрави Тоҷикистон 520 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва рӯйдодҳои нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки 19 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расонд. Ин ҳодисаҳо ба боронҳои пуршиддат, лағзиши тармаву ярч ва резиши санг алоқаманд буданд. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 5 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд.

Раиси Кумита ба як қатор камбудиҳои ҷойдоштаро дар ташкили чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ҳамкориҳои нокифоя бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҳалҳо дар иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Қоидаҳои ташкил ва истифодаи захираҳои моддӣ ҷиҳати бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ” аз 29 декабри соли 2006, No778 ишора намуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин ба вазъи омодагии ҳарбӣ, сиёсӣ, сафарбаркунии қисмҳои низомӣ, фаъолияти ҳаррӯзаи қӯшунҳо, таъминоти моддию техникӣ ва озуқаворӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва таъмири техника, аслиҳа, риояи қонуну қоидаҳои низомӣ ва хидматӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Маърузаи сардори Раёсати қӯшунҳо ва фармондеҳони қисмҳои низомии Кумита шунида шуд. Барои беҳбуд ва ислоҳи камбудиҳо дар ҳаёти қисмҳои низомӣ ба онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Роҳбари Кумита таваҷҷуҳи роҳбарони воҳидҳои КҲФ-ро ба омодагии саривақтӣ ва босалоҳият барои вокуниш ба ҳодисаҳои эҳтимолии лағзиши тарма, ярч, омадани сел, резиши санг, баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо дар фасли баҳору тобистон ҷалб намуд.

 Сарвари идораи  наҷоти кишвар супориш дод, ки масоили марбут ба мавҷудияти захираҳо санҷида шавад, дар байни аҳолӣ дар доираи фаъолияти Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҲФ тамринҳо роҳандозӣ шаванд, бори дигар системаи огоҳии бармаҳал, омодагӣ ба мавсими оббозиро санҷанд, барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ тадбирҳо андешида шаванд, татбиқи созишномаҳои имзошудаи байналмилалӣ ҷиддан назорат карда шаванд.  

Раиси Кумита дар суханронии худ ба ҳодисаҳои вайрон кардани интизоми корӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ, таҳкими интизом ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шахсии ҳар корманди Кумита дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ диққати махсус дод.

Дар ҷамъбаст корҳои анҷомшударо мухтасар хулоса карда ва барои семоҳаи оянда дар назди ҳайати шахсӣ вазифаҳои нав гузошта шуд, ки то ҷамъбасти нимсола бояд роҳи ҳалли худро ёбанд. 

барчасп: