Хатари киштиҳои ғарқшудаи ҳарбӣ барои обҳои олам

Беш аз 6 ҳазор киштиҳои ҳарбӣ ва борбар, ки замони Ҷанги дуюми ҷаҳон дар нукоти гуногуни олам ғарқ шудаанд, имрӯз ҳам барои муҳити атроф хатар доранд. Бино ба  маълумоти коршиносон то ба имрӯз 6338 адад ин гуна киштиҳо дар умқи уқёнусу баҳрҳо дида шудаанд, ки аксари онҳо киштиҳои ҷангӣ буданд ва ё бору коло ва муҳимоти ҷангиро интиқол медоданд.

Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ҳам бепарво бошад, пас фардо ин киштиҳо таҳдиде барои насли башар ва олами ҳайвоноти обӣ мешаванд. Сӯзишворӣ, сӯхти дизелӣ, руғанҳои гуногун дар бак ва зарфҳои онҳо 400 баробар бештар аз он аст, ки баъди садамаи сӯхтбари Exxon Valdez   дар соли 1989 паҳн шуда буд. Дар ҳоле ки он яке аз харобкортарин фоҷеа барои экологияи сайёра ба ҳисоб мерафт.  

Мушкили асосӣ хурдагии оҳан ва ё коррозия (анг. Corrosion) мебошад. Он аз омилҳои зиёде вобаста аст, масалан аз он ки киштӣ дар кадом умқ қарор дорад, аз ҷараёнҳои зериобӣ, ҳарорати об, дараҷаи шӯрии об ва ғайра. Яъне, баданаи ҳар киштии ғарқшуда ба роҳҳои гунгун дучори коррозия мешавад. Вале боздоштани ин раванд амалан номумкин аст. Агар плитаҳои фӯлодӣ аз се то даҳ миллиметр ғафсии худро аз даст диҳанд, ин гуна хатарҳо бештар мешаванд. Ин ба он  маъност, ки бисёре аз киштиҳои ҷангии ғарқшуда имрӯз дар ҳамин ҳоланд ва ё хеле ба зудӣ ба ҳолати хатарнок омада мерасанд. 

Моҳи июли соли 2014 аз сӯхтбари Hutton, ки аз соли 1942 дар қаламрави Каролинаи Шимолӣ ғарқ шуда буд, маводи сӯхт берун рехт ва моҳи августи соли 2015 ҳамин ҳолат ба киштии майнкаши USS Murphy, ки дар қаъри уқёнуси Атлас хобидааст, рух дод. Моҳи октябри соли 2016 доғи равғание, ки аз сӯхтбари Coimbra хориҷ шуд, то якуним километр масофаро дар бар гирифт. Дар обҳои қаламрави ИМА, Британияи Кабир, Шветсия, Норвегия, Лаҳистон, Канада ва чандин кишвари дигари олам нишони сӯхти дизелии киштиҳои ғарқшуда мушоҳида шудаанд.

Дуруст аст, ки дар замони мо техника имкони онро дорад, ки ин гуна киштиҳоро аз қаъри баҳру уқёнусҳои бурун орад, вале ин ҳама масрафҳои бузурге мехоҳад. Масалан, вақте соли 2012 киштии гаштии Costa Concordia берун кашиданд, ин амалиёт якуним миллиард евро масраф дошт. Ин аст, ки ягон кишваре, ки киштиҳояш бо парчамаш аз солҳои Ҷанги ҷаҳонии дуввум дар қаъри обҳо мехобанд, ҳозир нест маблағи ҳангуфтеро барои берун кашидани онҳо сарф кунад, то киштиҳо “безарар” гардонда шаванд. Ҳамчунин кишварҳое ҳам, ки дар қаламравашон киштиҳо зери об рафтаанд низ аслан намехоҳанд барои рафъи хатари эҳтимолӣ ба муҳити атроф ин гуна масрафҳо дошта бошанд. 

Ҳамагӣ чанд километр дуртар аз соҳилҳои баҳри Балтик, ки як тафреҳгоҳи регии Лаҳистон ҷойгир аст ва ҳамасола беш аз 2 миллион нафар дар он истироҳат мекунанд, моҳи октябри соли 1943 беморхонаи шиновари олмонии “Штутгарт” ғарқ шуда буд. Ин киштӣ-бемористон аз ҳамлаи ҷангандаҳои амрикоӣ тахриб шудаву зери об рафта буд. Тӯли ин солҳо 1000 тонна равған аз ин киштӣ ба соҳилҳо берун шуд. Ҳудуди 50 майдони футбол масоҳат аз ин заҳролуд гашт. Барои бартараф кардани  ин хатар даҳҳо миллион евро лозим аст, ки ҳукумати Лаҳистон наметавонад ва ё хоҳиш надорад масраф кунад ва муҳитро тоза намояд. 

Аммо талошҳое ҳам дар ин самт ҳастанд ва коршиносони масоили экологӣ иқдомоти ҳукуматдорони Норвегияро созанда медонанд. Солҳои Ҷанги ҷаҳонии дуюм дар соҳилҳои ин кишвар, дар қаламрави то 20 ҳазор километр бештар аз 900 киштии гуногунҳаҷм ғарқи об шуда буд. Наздик ба 30 киштиро хеле хатарнок медонанд. Соли 1994 аз киштии олмонии “Блюхер”, ки дар Осло моҳи апрели соли 1940 ғарқ шуда буд,  сӯзишвории дизелии бакҳои онро кашиданд ва берун оварданд. Аммо ин амалиёт 100 миллион евро масраф дошт.  То ба имрӯз боз 7 киштии ғарқшудаи он солҳоро ба истилоҳ “базарар” гардониданд. Ҳукуматдорони ин кишвар ҳамвора таъкид мекунанд, ки бояд шитоб кард, зеро ин мушкил 10-12 сол баъд бештар мешавад. Бар асари коррозия оҳану пӯлод метавонад сӯрох ва ҳазорҳо тонна сӯзишворӣ ба оби баҳр партоб шавад.

 

Аз матолиби Интернет таҳияи Б.Шафеъ.

барчасп: