Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаҳои ҳаррӯза, барои баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули коллективизм корҳои зиёде ба анҷом расонда мешавад.
Ташкил ва роҳандозии ин гуна корҳо дар назорати махсуси Кумита қарор дорад. Вазифаи асосӣ гузаронидани корҳои пешгирикунанда миёни кормандони КҲФ барои роҳ надодан ба вайрон намудани интизоми ҳарбӣ, корӣ ва хидматӣ, инчунин таҳкими қонуният дар ҳамкорӣ бо дигар идораҳо мебошад.
Дар дарсҳои вижае, ки роҳандозӣ мешаванд, ба кормандон дар бораи қонунҳои қабулшуда маълумот дода мешаванд, Паёми Сарвари давлат ва дигар суханрониҳои Пешвои миллатро шарҳу эзоҳ медиҳанд, бо намояндагони дигар вазорату идораҳо дидору мулоқотҳо баргузор карда мешаванд.
Чунончӣ, 9 апрели соли 2022 дар дар ҷараёни дарси навбатӣ кормандони суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран шуниданд.
Кадрҳои ҷавони Кумита, ки аз таърихи гузашта ва шароитҳои хоси таъсиси Артиши миллӣ маълумоти чандоне надоштанд, баъди шунидани такрории Суханронии Пешвои миллат бештар огоҳ шуданд. Ҳамзамон, барояшон шароити мушкили солҳои аввали таъсис, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ маълум шуд ва донистанд, ки дар кадом шароите роҳбарияти кишвар даст ба таъсиси Артише зад, ки бо гузашти солҳо муҳофизи Истиқлоли Тоҷикистон ва тамомияти арзии он шуд.
Пешвои миллат бо ёдоварӣ аз дастовардҳои 30 соли Истиқлол зикр намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми сипосгузори тоҷик хотираи неки он ҷавонмардонро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро пос медоранд.
Имрӯз мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд ва Артиши миллии бисту нӯҳ сол пеш таъсисдодаи мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод ва муназзаму муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст.