Идомаи тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳру навоҳии кишвар

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 дар ташкилоту муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ давраҳои омӯзишӣ оид ба мудофиаи гражданӣ гузаронида мешаванд.

Бо мақсади ташаккул ва такмили малакаҳои рафтори бехатар дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ дар ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва дар ноҳияҳои Панҷ, Қабодиён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон кормандони Раёсатҳои КҲФ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд як силсила чорабиниҳои амаливу маърифатӣ дар мавриди ҳифзи хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва роҳҳои интиқоли онҳо дар сурати хатари ин ё он ҳодисаи фавқулода гузарониданд.

Ҳангоми роҳандозии машғулиятҳо тадбирҳои амалие, ки дар «Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда» пешбинӣ шудаанд, амалӣ карда мешаванд, диққати асосӣ ба коркарди амалии техника ва усулҳои ҳифзи хонандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ дода мешавад.  Ба ин омӯзишҳо роҳбарият, донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони хидматрасонии муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда шуданд.

Дар ин дарсҳои омӯзишӣ ва тамринҳо кормандони раёсатҳо ба хонандагон ва муаллимон дар бораи роҳандозии корҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла ҳангоми заминларза, омадани селу ярч ва ғайра на танҳо маълумот доданд, балки як силсилаи амалҳоро иҷро карданд, то тасаввуроти хубу аёнӣ ҳосил шавад. 

барчасп: