9 апрели соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсат ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ боздид намуданд.
Ҷонишини директори китобхонаи мазкур дар умури корҳои илмӣ-методӣ Мавзуна Ҳамробоева ба ҳайати шахсии Раёсат доир ба таърихи ташкилёбии китобхона, захираи китобу дигар маводҳои дар китобхона мавҷуд буда, ҳаёт, фаъолият, зиндагиномаи шоир ва маорифпарвари тоҷик Тошхоҷаи Асирӣ, инчунин перомуни яке аз асарҳои нодир нусхаи аслии китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҳамзамон хизматчиёни ҳарбии Раёсат аз шуъбаҳои маълумотдиҳӣ, дасхатҳо ва нашрияҳои нодир, электронӣ, матбуоти даврӣ, тиббӣ, феҳрист ва толори хониш дидан намуда, бо корбарии шуъбаҳои мазкур шинос гардиданд.
Аз тарафи роҳбарияти Раёсат роҳандозии чунин чорабиниҳо дар дигар ҷойҳои таърихии шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.