Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар рӯзҳои наздик бинобар баланд шудани ҳарорат дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва навоҳии кӯҳии вилояти Хатлон хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз ҳар гуна сафарҳои безарурат, ғунучини занбӯруғ, гиёҳҳои дармонбахш, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд. Чорвочаронӣ дар наздикиҳои рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳо ва кӯлҳо низ маслиҳат нест.
Ҳамчунин, КҲФ ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот ва ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки худро бо пойафзоли резинӣ таъмин намоянд, телефонҳои худро омода нигоҳ доранд ва дар сурати пеш омадани ин ё он ҳодисаи ногувори фавқулода ба мақомоти марбута дар алоқа шаванд.
Ҳамчунин дорухонаи оилавии худро бо доруву дигар воситаҳои саломативу беҳдоштӣ таъмин кунанд.
Ба хотири пешгирӣ аз харобиҳои эҳтимолии сел сокинонро лозим меояд сари вақт ҷӯйборҳо, селроҳаҳое, ки сари роҳи хонаи онҳост, тоза кунанд, то об маҷрои худро биёбад ва вориди хонаҳо нашавад.
КҲФ ба хотири пешгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳои сиёҳшиша даъват мекунад, ки ҳаракатҳои шабонаро маҳдуд кунанд.
Ронандагонро лозим меояд қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риоя кунанд, суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро низ риоя кунанд.