Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Шаҳринав

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи мудофиаи гражданӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Шаҳринав дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 1 оид ба мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи мавзўи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва сарварони ҷамоатҳои деҳот ҳангоми ин тиқоли донишҷӯён ва омӯзгорон ҳангоми зилзила” тамрини намоишӣ гузаронида шуд.

 Дар ин тамрин муовини раиси ноҳия оид ба идеология Неъматуллозода Ш., мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шарипова М., 51 нафар директорон ва 56 нафар муовини директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, 38 нафар омӯзгорони таълими ибтидоии ҳарбӣ, 47 мактаби муаллимон, кариб 500 нафар донишҷӯён, корм андони бахши тибб ширкат ва 5 адад техникаи зиди сӯхтор ҷалб шуданд.

 Мақсади асосии баргузории чунин чорабиниҳо таълим додани кӯдакону омӯзгорон дар ҳама гуна ҳолатҳои фавқулодда дар ҳамоҳангӣ ва бидуни воҳима амал кардан аст. Ин гуна давраҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар аксар вақт баргузор мешаванд, зеро на танҳо муваффақияти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, балки ҳаёти кӯдакон низ аз ҳамоҳангӣ ва самаранокии амалҳо, тасмимгирии дақиқи онҳо дар чунин вазъият вобаста аст. 

барчасп: