Бо фарорасии мавсими гармии ҳаво оббозӣ ба яке аз шуғлҳои асосии аҳолӣ, махсусан наврасон ва ҷавонон табдил меёбад. Аммо донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад аз оқибатҳои ногувори онҳо ҷилавгирӣ намояд.
Чуноне муқаррар шудааст, оббозӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз оббозӣ ҳатман бояд аз назорати духтур гузашт. Чуноне қоидаҳо муқаррар менамоянд, аввалин бор бояд дар ҳавои офтобии бешамол дар ҳолати ҳарорати ҳаво 20-23 дараҷа гарм ва ҳарорати об 17-19 дараҷа гарм будан оббозӣ намудан мумкин аст. Вақти хубтар барои оббозӣ дар давоми шабонарўз соати 8-10-и саҳар ва 17-19-и бегоҳ, на барвақттар аз якуним соат пас аз хурокхурӣ мебошад.
-
Оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нушидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси марг гардад!!!
-
Пеш аз оббозӣ ҳатман бояд дам гирифт. Шиновари мондашуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад.
-
Бо мақсади оббозӣ ворид шудан ба об дар ҳолати ғазабнокӣ, дур рафтан аз соҳил ва берун рафтан аз минтақаи барои оббозӣ муқарраршуда ва аломатҳои огоҳкунанда тавсия дода намешавад.
-
Дар дарёчаҳо ва ҷараёнҳои обии барои оббозӣ муқаррарнашуда ва ё номуайян пеш аз оббозӣ қаъри обро аз назар гузаронед. Ба об оҳиста дохил шавед, дар ҳолате, ки об то миён расид истед ва зуд ғута занед. Агар ба қувваи худ боварӣ надошта бошед, танҳо шиноварӣ накунед.
-
Дар дарёчаҳо, кўлҳо ва наҳрҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархурди сар ба сангҳо ва дигар ашёҳои қаъри об, ки боиси шикастани гардан ва азҳушравӣ ва фавт шуда метавонанд.
-
Ба бозии бачаҳо ҳатто дар ҷойҳои пастобӣ ҷиддӣ назорат намуда, ба ташкили ҳар гуна бозиҳои хатарнок дар дохили об иҷозат надиҳед.
-
Танҳо дар ҷойҳои барои оббозӣ муқарраршуда оббозӣ кардан мумкин аст.
-
Дар ҷойҳои ношинос ба об паридан мумкин нест.
-
Ба қаиқҳо наздик шудан мумкин нест.
-
Ҳангоми бозӣ дар дохили об аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад.
-
Аз ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда берун баромадан иҷозат дода намешавад.
-
Ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда ва ҷиҳозонидашуда оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад.
Талаботҳо оид ба ҳолати об ва шароитҳои беҳдоштии ҳавзаҳои шиноварӣ
Муҳити асосӣ барои шиноварӣ об ба ҳисоб меравад. Аммо сифати об дар ҳавзҳои шиноварӣ бояд ҷавобгўи талаботҳои санитарию гигиенӣ бошад.
Дар лагерҳои тобистонаи мактабӣ бояд ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда барои омўзонидани бачагони синни то 9 сола дорои чуқурии на зиёда аз 0,7 м, барои синни 9-11 сола на зиёда аз 1,2 м дошта бошад.
-
дар ҷойҳои оббозӣ бояд дар чуқурии 1,2-1,3 м ченчубҳо гузошта шаванд.
-
Сарҳадҳои мавзеи оббозӣ бояд бо поёбнамоҳои (буйка) ранги зарди норинҷӣ, ки аз ҳамдигар дар масофаи 25-30 м аз ҳамдигар ва то 25 м аз мавзеъҳои дорои чуқурии 1,3 м аломатгузорӣ карда шаванд.
-
Дар ҳар як фароғатсоҳил (пляж)бояд ҳудудҳои барои бачагони навомўз бо ҷуқурии на зиёда аз 1,2 м ҷудо ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳазшуда ҷудо карда шавад. Ин гуна қитъаҳо бояд бо хати шиноваракҳои (поплавок)ба симтаноб насбкардашуда ва ё тавораҳои махсус ҳудудгирӣ карда шаванд.
-
Фароғатсоҳилҳо ва мавзеъҳои истироҳатии умумӣ бояд дар масофаи на камтар аз 500 м аз маҷрои ҷоришавии об ҷойгир шуда, фаромад ба соҳили об бояд ҳамвор бошад.
-
Дар ҳавзаҳои обӣ дар мавзеъҳои барои оббозӣ муқарраршуда на бояд баромадгоҳҳои обҳои зеризаминии хунук, гирдобҳо ва монанди онҳо мавҷуд буда, суръати ҳаракати об набояд аз 0,5 м/с зиёд буда, дар ҳолати тез будани суръат бояд иншоотҳои пасткунандаи суръати об сохта шаванд.
-
Cифати оби ҳавзаҳои обӣ бояд ҷавобгўи талаботҳои санитарию гигиении барои истифодаи маишию маданӣ муқарраршуда ҷавобгўй бошад.
-
Дар соҳили мавзеъҳои оббозии умумӣ бояд дар масофаи ҳар як 50 м ва на дуртар аз 5 м аз сатҳи об лавҳаҳои дорои халқаҳои наҷотдиӣ ва дигар воситаҳои наҷотдиӣ гузошта шаванд. Дар ҳалқаҳо бояд навиштаҷоти «ба ғарқшудаистода парто» ва дар тарафи дигар номи фароғатсоҳил сабт карда шавад.
-
Дар фароғатсоҳилҳо ва истироҳатгоҳҳои умумӣ дар назди об ҳатман бояд хонаҷоҳо барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ва навбатдории доимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва маводҳои доруворӣ барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба ҷабрдидагон ва ҷароҳатбардоштагон ташкил карда шавад.
-
Дар фароғатсоҳилҳо ва мавзеъҳои истироҳатии умумӣ бояд лавҳаҳои омўзишӣ ва огоҳкунанда аз ҳолатҳои ногувор дар об дар ҷойҳои дидашаванда насб карда шаванд.
Масъулияти ташкили шароитҳои зарурии мувофиқ ба талаботҳои муқарраргардида ба зиммаи соҳибмулкон ва роҳбарони фароғатсоҳилҳо ва муассисаҳои истироҳатии дорои объектҳои шиноварӣ вогузор карда мешавад.
ОИД БА ЧОРАҲОИ БЕХАТАРӣ ХАНГОМИ ОББОЗӣ БАРОИ ХОНАНДАГОН
• Пеш аз мавсими оббозӣ ҳатман аз ташхиси духтур гузаред.
• Дар соҳил бисёр хунук ва бисёр гарм нашавед.
• Пас аз истеъмоли хурок 1,5-2 соат дам гиред.
• Дар ҳолати ҳарорати об аз 18 дараҷа паст будан ва ҳарорати ҳаво аз 22 дараҷа паст будан аз оббозӣ худдорӣ намоед.
• Муддати дароз дар зери офтоби гарм дар соҳил наистед.
• Дар ҳолати ноором будани сатҳи об аз оббозӣ худдорӣ намоед.
• Дар соҳилҳои нишебрўй ва ҷариноки дорои ҷараёни мавҷноки тез ва мавзеъҳои растаниноки ботлоқшуда оббозӣ накунед.
• Ба қаиқҳо ва дигар воситаҳои дар сатҳи об шинокунанда наздик нашавед.
• Ба пояҳои аломатҳои техникии огоҳкунанда набароед.
• Дар ҷойҳое, ки хавфи эҳтимолияти афтидан ба об зиёд аст, бозӣ накунед.
• Дар ҷойҳои номаълуми обанборҳо ва ҳавзҳо ба об наҷаҳед. Зеро дар қаъри об чи будан номаълум аст ва эҳтимолияти хавф дар ин ҳолат зиёд буда, метавонад ба оқибатҳои ногувор ва ҳатто марг оварда расонад.
• Бо воситаҳои шинокунандаи дамкардашуда аз ҳудуди соҳил берун наравед, зеро хавфи ногаҳон кафидани онҳо мавҷуд аст.
• Бо мақсади шиноварӣ дар ҳавз, кўлдарё ва ё наҳр аз воситаҳои худсохти шиноварӣ даст кашед.
• Дар об худро дар ҳолати амудӣ устувор доред.
• Ба пастоби растаниноки серлой наздик нашавед.
• Ба муқобили ҷараёни тези об шино накунед, ба самти ҷараёни об шино карда оҳиста-оҳиста ба соҳил наздик шавед.
Ҳангоми оббозӣ агар хурдсолон ҳамроҳатон бошанд, онҳоро назорат намоед.