Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Маркази барномаҳои байналмиллалӣ”, аз Шумо талаб карда мешавад, ки номзадҳои дорои маҳорати баланди касбиро барои иштирок дар озмуни Стипендияи байналмиллалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон”, ҷиҳати таҳсил намудан дар Донишгоҳи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус дар зинаи бакалавр, аз рӯи ихтисоси “Огоҳкунӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда” то 15 апрели 2022 ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита пешниҳод намоед.
Ҳуҷҷатҳои лозима:
1. Ариза (намуна дар марказ пешниҳод карда мешавад)
2. Анкетаи шакли муқарраршуда (дар марказ пешниҳод мешавад)
3. Нусхаи шиноснома
4. Нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд
5. Нусхаи атестат ё табели баҳо
6. Маълумотномаи тиббӣ 086 ё 036 ва ВИЧ СПИД
7. Маълумотнома аз дипансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ
8. Сертификати забонҳои хориҷӣ (дар ҳолати мавҷуд будан)
9. Дастовардҳои довталаб (сертификат, медал, ифтихорнома ва ғ.)
10. Маълумотнома аз ҷои истиқомат
11. Нусхаи шиносномаи падару модар
12. Маълумотнома аз ҷои кори волидайн (дар ҳолати мувақатан бекор будани волидайн аз шуъбаи шуғли аҳолии ҷои истиқомат пешниҳод намудани маълумотнома)
13. 4 дона расми ранга 3х4
14. Маълумотномаи доғи судӣ