Семинари бозомӯзӣ

Дар Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумита  мутахасиссони Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист ба 15 нафар наҷотдиҳандагони Кумита  семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ёриҳои аввалин дар ҳолатҳои таъҷилӣ» баргузор краданд.

Ҳадафи семинар пешниҳоди маълумоти муқаддимавӣ ва методҳои муосири байналмилалӣ оид ба усулҳои арзёбии фаврӣ дар ҷои ҳодиса, расонидани ёрии аввалин ба осебдидагон, инчунин эътино ва дастгирии аҳолии зарардида буд.

Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур бо тариқӣ усулҳои фаъоли таълимӣ ва амалӣ гузаронида шуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани маҳорати касбии  наҷотдиҳандагон  кумак менуад.

барчасп: