Таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимӣ

Рӯзи 22 феврал дар Маркази таълимӣ (қисми ҳарбии 45095) чорабинӣ бахшида ба  29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, раиси ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ низ ширкат варзиданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллӣ ва гузашти низомӣ оғоз гашта, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ зимни баромад ва суханронии худ ҳайати шахсии қисми низомиро ба ин муносибат табрику шодбош гуфтанд ва хизмати содиқонаву софдилонаи як қатор афсарону сарбозонро  бо Ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда, ба роҳбарияти қисми низомӣ тӯҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро, ки аз лавозимоти варзишӣ иборат буд, тақдим намуданд.
Роҳбарияти қисми ҳарбӣ низ дар навбати хеш, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ба афсарону сарбозоне, ки давоми хизмати ҳарбӣ аз худ маҳорату чолокӣ ва зиракиву ҳушёрӣ нишон дода буданд, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ додаанд.

Санъаткорону ҳунармандони бахши фарҳангии ноҳия низ барои хотирмон баргузор гаштани чорабинии мазкур саҳмгузорӣ намуда, хотири афсарону сарбозони қисми ҳарбиро бо суруду таронаҳои марғуб ва ташкили барномаи рангини фарҳангӣ шод гардониданд.

Тарбиятгирандагони кӯдакистони №4-и ноҳия ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди деҳоти Зайнабобод, ки ба табрики афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ омада буданд, дар назди ҳозирин бо қироати шеъру сурудҳои ватандӯстона баромад карда, дар доираи иқдоми «Дарҳои кушод» бо шароити хизмат ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд.
Чорабинии идона дар Маркази таълимӣ (қисми ҳарбии 45095) -и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ доир гардид.


Сардори маркази таълимӣ
(қисми ҳарбии 45095)
подполковник Фазлиддин Назарзода
барчасп: