КҲФ: Хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст!

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навбатдории шабонарӯзиро дар роҳҳои асосии кӯҳии кишвар – Душанбе – Варзоб – Айнӣ ва Душанбе – Ванҷ идома медиҳанд.

Тавре қаблан КҲФ хабар дода буд, бино ба маълумоти обуҳавошиносон то охири моҳи феврали соли 2022 дар навоҳии кӯҳистонии кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ эҳтимоли лағзиши тарма ва сангрезӣ вуҷуд дорад. 

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, то ҳадди имкон аз сафар ба минтақаҳои тармарез, ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво ва шикор худдорӣ намоянд.

Ронандагон хангоми харакат дар минтақаҳои кухй бояд қоидаҳои ҳаракат, аз ҷумла масофаи байни мошинҳоро риоя кунанд.

барчасп: