Дар остонаи таҷлили 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо ва чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд.
Чунончӣ, дар қисми ҳарбии КҲФ воқеъ дар вилояти Хатлон роҳбарияти ин қисм якҷо бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили футболи хурд, шашка, вазнкашӣ, давидан ба масофаи 100 метр, ҷаҳидан ба баландӣ ва дарозӣ ташкил ва баргузор намуданд.
Қабл аз оғози мусобиқоти варзишӣ қисмати тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он сардори қисми ҳарбӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки роҳандозии чунин барномаҳои варзишӣ боиси ошноии бештари сарбозон бо ҳамдигар мешавад ва ин дӯстиву бародариро миёни низомиён тарғиб мекунад.
Сарбозоне, ки дар бозиҳои варзишӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол карданд, бо медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, дар доираи таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар қисмҳои ҳарбӣ низ чорабиниҳо ва мусобиқаҳои гуногун баргузор мегарданд.