Дар маҳаллаи Айнии ҷамоати деҳоти Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҷиҳати омодагӣ ба обхезӣ ва пешгирӣ аз омадани сел корҳои соҳилбандӣ оғоз шуданд. Ин кор дар асоси иҷрои "Нақшаи асосии чорабиниҳои вилояти Суғд оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022" амалӣ карда мешавад.
Дарозии ин селроҳа 1500 метр аст. Кор бо ташаббуси Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо дастгирии Сарраёсати беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Исфара оғоз гардид.
Барои анҷоми ин корҳо техникаи махсуси муҳандисӣ ҷалб шуд.
Дар айни замон масоҳаи 400 метр селроҳа аз сангрезаҳо пок шуд.
Корҳои соҳилбандӣ идома доранд.