Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо аҳолӣ мулоқот карданд. Мавзӯъи суҳбат фаҳмонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ буд. Ин гуна мулоқот дар коллеҷи тибии ноҳия бо ширкати 360 нафар омӯзгорон ва донишомӯзон низ гузаронида шуд.
Зикр гардид, ки ҳадафҳои ба миён гузоштаи роҳбарияти олии кишвар, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ нигаронида шудаанд.
Садоқат ба иқтисоди сабз ва рушди саноат, ислоҳоти соҳаи маориф, дастгирии табақаҳои осебпазир ва таъмини сулҳу субот аз дастуру супоришҳои созандаи Сарвари давлати Тоҷикистон аст, ки сиёсати хирадмандонаи ӯро, ки ҳамқадами замон аст, тасдиқ мекунад.