21 феврали соли 2022 вакилони Парламони Аврупо бо сарварии ҷаноби Дэвид МакАллистер - раиси Кумитаи Парламони Аврупо дар умури хориҷӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин вазъ дар минтақа ва масоили алоқаманд ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ шуданд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар бораи самтҳои асосии фаъолияти идораи наҷоти кишвар, офатҳои табиии рухдода, рафъи паёмадҳои онҳо, кумакҳои Ҳукумати кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ба аҳолии зарардида, ҳамчунин ҳамкориҳои КҲФ бо Иттиҳоди Аврупо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ нақл кард.
Илова бар ин, ҷонибҳо оид ба ҷанбаҳои эҳтимолии муштарак ва чораҳои роҳандозии ҳамкориҳои амалӣ табодули афкор намуданд. Дар ин самт минбаъд низ барои таҳкими иқтидор ва имконоти ҷонибҳо тадбирҳои муштарак андешида хоҳад шуд.
Ин дидор дар фазои дӯстона ва созанда баргузор шуд.
Сафари намояндагони Парламони Аврупо марҳилаи муҳиме дар иҷрои сиёсати давлатӣ дар заминаи ҳифозат аз аҳолӣ ва қаламрав аз ҳолатҳои фавқулода ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.