Ҷашни сарбозӣ дар ширкати «Food Master»

Ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бист нафар сарбозони қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкати  «Food Master» дидан карданд. Ин ширкат барои  сарбозон ба ин муносибат як дастурхони идона ҳам орост.

Сарварони ширкат сарбозонро ба солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муборакбод карданд ва гуфтанд, ки онҳо муҳофизони Ватан, марзу буми кишвар ва нигаҳдорандаи амнияту субот дар кишваранд. Хидмат ба Ватан шараф аст ва ҳар ҷавонмард бояд ин марҳиларо аз сар гузаронад. Зеро ду соли хидмат як  мактаби ҷасорат мардонагӣ барои ҷавонон аст. 

“Ватан ин на он аст, ки дар харита мебинем, Ватан ин ҳамаи моем! Мо ба шумо бовар дорем, Ватанро ҳифз кунед, мо ва худро эҳтиёт кунед. Бигзор ин туҳфаи хурди мо дилҳои шуморо боз ҳам аз меҳру муҳаббат ба Ватани азиз  саршор гардонад”, - гуфт директори рушди шабакаи тарабхонаҳои «Food Master» Равшан Олимов.

Барои сарбозон як барномаи фарҳангии тарабафзо низ ташкил шуд. Ҷавонон дар бораи Ватан, модар ва муҳаббат ба инсон таронаҳо хонданд.

Дар поёни нишаст ба ҳамаи ширкаткунандагон туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.

барчасп: