Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хуҷанд сабаби ҳалокати 3 нафар шуд. Ронанда як хонуми 32-сола буд

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъи паёмадҳои ҳодисаи нақлиёти дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ширкат карданд.

Ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд соати 12:50 дақиқа дар бораи садама дар километри 158 роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд, ки аз қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд убур мекунад, хабар расид.   

Имдодгарони бахши КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расида, муайян карданд, ки мошини сабукрави тамғаи «Toyota Corolla», ки аз ҷониби хонуми 32-сола, сокини маҳаллаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарӣ сарозер шуд. Ин мошин аз шаҳри Хуҷанд берун шуда, мебоист ба Душанбе мерафт.

Сабаби аслии садама дақиқ нест, аммо ба эҳтимоли зиёд дар натиҷаи суръати баланди ҳаракат ронанда натавонистааст аз уҳдаи идораи мошин барояд. Дар мошин ғайр аз ронанда боз ду нафари дигар ҳам менишастанд. Ҳамаи онҳо, ки яке марди 34-сола ва дуюмӣ ҳам бонуи 31-сола, сокинони шаҳри Душанбе буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. 

Наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ ба ҷарӣ поин шуданд ва бо истифода аз дастгоҳи вижа ҷасади ҳалокшудагонро аз дохили мошини харобшуда берун оварданд ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд, суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.

Бахусус ҳангоми гузар аз гардишҳо хеле ба оҳистагӣ мошин ронанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафаронашонро дар хатар нагузоранд. 

барчасп: