17 феврали соли 2022 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали ҷумҳуриявии “Таронаҳои сарбозӣ” баргузор гардид.
Дар ин фестивал сарбозон ва афсарони сохторҳои қудратии кишвар бо таронаҳо дар васфи Ватан ва муҳофизони он ширкат намуданд.
Дар қатори онҳо ҳамчунин сарбозони қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок карданд.
Беҳтарин ширкаткунандагони ин фестивал бо дипломҳо ва ҷоизаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.