Ба истиқболи баҳор. Ниҳолшинонӣ дар Раёсати Хатлон

Баҳор ҳам наздик мешавад ва имрӯзҳо дар саросари кишвар  маъракаи ниҳолшинонӣ дар авҷ аст. Кормандони Раёс ати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон низ рӯзи 12 – уми феврали соли 2022 дар Анбори захираҳои маводи моддӣ ва техникӣ воқеъ дар ноҳияи Кўшониён 85 дарахти мевадеҳ, 10 адад дарахтони ҳамешасабз ва 150 адад гулу буттаҳои ҳамешасабз шинонданд.

Рӯзи гузашта, яъне 16-уми феврал бошад дар Раёсат 50 бех буттаи ҳамешасабз, 300 адад гули садбарг шинонданд. Илова бар ин танаи дарахтонро сафед карданд, ҷӯйборҳоро аз хасу хасрӯбаҳо пок намуданд. Як рӯзи низофату покӣ дар атрофи бинои Раёсатро ташкил намуданд. 

М.Муйдинов.