16 феврали соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар ҶТ ҷаноби Ленни Монтиел мулоқот кард.
Сарвари КҲФ ҷаноби Монтиелро ба муносибати таъин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта, дар бораи фаъолияти Кумита ва сохторҳои он маълумот дод, ба муҳим будани истифодаи васеи имкониятҳои ҳамкориҳои дуҷониба таъкид намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкории КҲФ бо Барномаи Рушди СММ табодули афкор намуда, аз татбиқи лоиҳаҳо мутобиқи талаботи Кумита, инчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар доираи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 ҳарф заданд.
Дар навбати худ ҷаноби Ленни Монтиел барои истиқболи самимӣ ва ҳамкории фаъол изҳори сипос кард. Номбурда зикр намуд, ки дар Тоҷикистон дар самти идораи хатари офатҳои табиӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва рафъи оқибатҳои онҳо корҳои муҳим анҷом дода шудаанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони КҲФ, расонидани кумакҳои фанниро баррасӣ карданд. Инчунин, нақшаҳои чорабиниҳои муштараки огоҳсозии барвақти аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва татбиқи Созишномаҳои имзошударо мавриди баррасӣ қарор доданд.