Ширкати афсарбонувони КҲФ дар барномаи “Дугонаҳо”

Бонувони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии “Дугонаҳо” ширкат карданд ва на танҳо маҳорати наҷотдиҳандагӣ, балки  малакаҳои таббохиву гулдӯзиро низ ба намоиш гузоштанд.

Ин бонувон, ки дар рутбаҳои гуногуни ҳарбӣ ҳоло дар КҲФ кор мекунанд, аввалат аз ҳама модар, бонуи хонадонанд ва ҳатман, ки ҳар кадоми онҳо аз маҳорату малакаҳои пазандагиву дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳо низ бархурдоранд. Борҳо шудааст, ки онҳо дар озмунҳо ва намоишҳои телевизионӣ иштирок мекунанд ва худро чун бонувони кори хонаву рӯзгор ва ҳам наҷотдиҳанда муаррифӣ мекунанд. 

Дар барномаи ёдшуда низ ин афсарбонувон тавонистанд бо намоиш додани ҳунарҳои дигари худ, ки нишондиҳандаи хонадориву муҳаббат ба оилаву фарзандон аст, ин ҳарфро ҳам бигӯянд, ки як хонуми афсар ва кормандаи идораи наҷот қабла аз ҳама модар ва бонуи хонадон аст, ки бояд аз ҳама ҳунарҳои зебо бархурдор бошад.

 

барчасп: