Панҷ ҳолати лағзиши тарма дар роҳҳои ВМКБ. Хатар ҳамоно боқист

14 – уми феврали соли 2022 дар мавзеъҳои гуногуни роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим ва Рӯшон – Бартанги ВМКБ 5 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Роҳҳо бо талоши кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби техникаи махсус аз ғарами барф пок шуданд. Лағзиши тарма талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон мекунад, ки хатари лағзиши тарма дар ҳамаи роҳҳои кӯҳии кишвар боқӣ мондааст, резиши санг низ.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, риштакӯҳҳои Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ омадани сел ҳам аз эҳтимол дур нест. Сарди ҳавои шаб боиси яхбандӣ дар роҳҳо мешавад ва ин ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ хоҳад сохт. 

Аз ин рӯ, КҲФ аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад муваққатан аз сафарҳои безарурат ба ин минтақаҳо худдорӣ кунанд ва агар сафареро ҳам ба нақша гирифтанд, пас бояд хеле эҳтиёткору ҳушёр бошанд.

Ин гуна ҳолатҳо сабаби садамаҳои зиёди нақлиётӣ дар роҳҳо мешаванд, ин аст, ки ронандагон ҳатман қоидаҳои ҳаракат риоя кунанд, боло бурдани суръат ва риоя накардани фосилаи байни мошинҳо аз ҷумлаи сабабҳои аслии садамаҳои нақлиётӣ мебошанд. 

барчасп: