Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим ва Шуғнони ВМКБ 10 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Аз ин паёмадҳои 7 ҳодиса пурра бартараф карда шуданд ва ҳоло барои рафъи оқибатҳои се мавриди дигари лағзиши тарма дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон ва Ишкошим идома дорад. Бар асари ин ҳодисаҳо ҳеч талафоти ҷониву харобии дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навбатдории шабонарӯзии худ дар роҳҳо идома медиҳад.
Барои бартараф намудани оқибатҳои лағзиши тарма ва поккории роҳҳо хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаи махсус ҷудо кардааст ва корҳо дар ин самт ба шиддат идома доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш, ки хатари тармаву резиши санг зиёд аст, аз сафарҳои нозарур худдорӣ намоянд. Ҳамеша эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу ҷони азизони худро ҳифз намоянд.
Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамоно дар роҳҳои кишвар бар асари резиши пуршиддати барф хатар боқӣ мемонад.