Санҷиши омодагии ҳарбӣ дар Раёсати КҲФ дар Хатлон

Рузҳои 4 - 5 феврали соли 2022 азназаргузаронӣ, сафороӣ, машғулиятҳои сафороӣ, машғулиятҳо оид ба бозомузӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбӣ, ҷамъиятӣ – сиёсӣ, омӯзиши қонуну қарорҳои амалкунанда дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳуҷҷатгузориҳо ва ташкили роҳандозии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, маълумоти умумӣ дар бораи кулҳои вилоят, ташкили расонидани ёрии авввалини тиббӣ ба зарардидагон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, пайдоиши бемориҳои сироятӣ аз ҷумла COVID – 19 ва роҳҳои пешгирии он, таърих ва рушди мудофиаи гражданӣ ва низомномаи нерӯҳои ғайриҳарби мудофиаи граждани бо сардорони шуъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва сардорони шуъбаю бахшҳои Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон гузаронида  шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо санҷиши омодагии ҳамешагии кормандон ва воҳидҳои низомии КҲФ барои вокуниши саривақтӣ ба ҳодисаҳои фавқулодаи эҳтимолӣ мебошад. 

 

М.Муйдинов