Тамринҳо ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои эҳтимолии фавқулода

Бо мақсади иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ дар минтақҳои хавфнок рӯзи 3 феврали соли равон дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ҳудуди маҳаллаи хатарзои деҳаи Ҷовидон тамрини ситодӣ дар мавзўъи «Амали ҳайати фармондеҳони Ситод ва аҳолии ҳудуди ҷамоат ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарор намудани пули шоҳроҳи Душанбе - Турсунзода» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ дастгоҳи ҷамоати деҳот ва шуъбаи Куимитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , 93 нафар аҳолии минтақаҳои хавфнок бо ду адад техникаҳои заминкан ва 5 адад техникаи боркаш ба ҳашари дастаҷамъона баромада,  соҳили рости дарёи Қаратоғро аз партобҳо тоза карданд.

Ҳолати садамавии пули мазкур барқарор гардида, 150 метр соҳили рости дарёи Қаратоғ мустаҳкам карда шуд.

барчасп: