Дар Раёсати Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои ободонӣ ва кабудизоркунии муҳити зист корҳои поккорӣ гузаронида шуд.
Кормандони Раёсат на танҳо утоқҳои корӣ ва ҷойҳои кориро ба тартиб овардаанд, балки партовҳои дар фасли зимистон ҷамъшударо дар маҳаллаи ҳамшафати Раёсат бардошта, баргҳои рехта, шохаҳои хушкшудаи дарахтонро бурида, гулгаштҳоро ба тартиб овраданд.
Чунин чорабиниҳо на танҳо ба барқарории тартибот, балки ба ташаккули муносибатҳои эътимодбахш, муттаҳидии кормандони Раёсат ва шаҳрвандон низ мусоидат мекунанд.