Давраи нави омӯзишӣ барои кормандони КҲФ оғоз шуд

Аз 2 то 5 феврали соли 2022 Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хавфи офатҳои табиӣ курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Омӯзиш оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ барои рушди Стратегияи барномаи таълимӣ якҷоя бо Вазорати маорифи Тоҷикистон» идома дорад. Ин давраи омӯзишӣ дирӯз, 2 феврал оғоз шуд ва қарор аст то рӯзи 5-уми феврал идома кунад.

Дар тренинг кормандони Раёсатҳои КҲФ дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва шӯъбаи Кумита дар ноҳияи Нуробод иштирок мекунанд.

Мақсади омӯзиш баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, қобилияти нишон додан ва истифода бурдани воситаҳои ҳассос ва фарогир дар харитасозии хатарҳо бо истифода аз арзёбии хатари офатҳои табиӣ (хатар, осебпазирӣ ва арзёбии эҳтимолӣ) мебошад.

Илова бар ин, кормандон бо тарзи гузаронидани арзёбии муштараки хатарҳо дар банақшагирӣ, мониторинг, арзёбӣ ва омӯзиш шинос карда мешаванд.

Ин машқҳо бо иштироки Мушовири байналмилалии идораи хатари офатҳо ҷаноби Расти  Буэнос мегузаранд.

барчасп: