Нимишабӣ, соати 02:46 дақиқаи рӯзи 2-уми феврали соли равон навбатдори КВД «Обу корезии шаҳри Душанбе» ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар канали «Деревиатсионӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷасади шахсияташ номаълум, ҷавони ба тахмин 25-30-сола намудор шудааст.
Баъди дарёфти хабар Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 03:20 дақиқа, ҷасадро аз канал берун овард ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки низ даъват шуда буданд, супориданд.
Баъдан маълум шуд, ки ғарқшуда як сокини 30-солаи деҳаи Оқули ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб будааст.
Сабаби дар об ғарқ шудани ӯ маълум нест.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишот оғоз карданд.