То 30 сентябри соли 2021 дар олам 233 миллиону 989 ҳазору 715 нафар олудаи Covid-19 шуданд в атанҳо шабонарӯзи гузашта ба ин ҷамъ боз 449 118 нафар пайвастанд. Шумори фавтидагон аз ин вирус дар олам ба 4 миллиону 786 ҳазору 993 нафар расида ва зарфи 24 соати гузашта 8 278 нафарн ҷони худро аз даст доданд. Аз муолиҷаи пурраи 210 миллиону 799 ҳазору 420 нафар хабар дода мешавад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки 29 сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода бо коршиноси Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо Ҷоанна Зветенга ва кормандони Намояндагии СУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Брайн Коэн ва Абдулаҳад Сафаров оиди натиҷаҳои санҷиши озмоишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти SARS-COV-2 мулоқот намуд.
Қайд гардид, ки ҳадаф аз ташрифи коршиноси миссияи техникии Дафтари СУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин расонидани кӯмаки техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ворид намудани системаи идоракунии сифат дар озмоишгоҳҳо, таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо бо маводҳои тест-системавӣ, омӯзонидани мутахассисон, системаи идоракунии иттилооти лабораторӣ ва ғайра буд.
Қайд кардан зарур аст, ки бо мақсади ворид намудани системаи идоракунии сифат дар озмоишгоҳҳо, 12 нафар мутахассисони миллӣ барои татбиқи системаҳои менеҷменти сифат дар озмоишгоҳҳо дар рафти омӯзишӣ-ментории СУТ омӯзонида шуданд.