Сокинони Русия зарфи чанд моҳи охир ба хотири рафтан ба мавзеъҳои сайёҳии олам талош мекунанд “ваксинҳои сайёҳӣ” гиранд. Онҳо бештар ба кишварҳои Аврупо мераванд ва худро бо вакиснаҳое, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасдиқ кардааст, эм мекунанд. Ҳадафашон ин аст, ки аз ин ба баъд бе ягон монеъа ба сайру саёҳати олам раванд.
Дар айни замон ягон ваксинаи тавлиди Русия аз ҷониби кишварҳои Аврупо тайид нашудааст ва ваксаншудагон ба ин вакиснаҳо иҷозати сафар ба гардишгарӣ надоранд.
Ҳамзамон бо ин дар Русия ягон вакиснаи тавлиди кишвари дигар тасдиқ нашудаву иҷозати истифода надорад. Шаҳрвандони Русия имкони эмкунӣ бо вакиснаҳои хориҷӣ ва иҷозатёфта аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустиро надоранд.
Гардишгарони рус ҳоло ба мисли он ки дар доме уфтодаанд, ки наметавонанд аз он берун шаванд ва роҳи наҷотро аз ин дом дар ваксина аврупоӣ мебинанд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран эълон кард, ки раванди қабули вакиснаи русии "Спутник"-ро ба таъхир андохтааст. Таҳлилагрони ин созмон вакиснаро меомӯзанд ва аз ҷониби Русия асноди дигарро талаб мекунад. Вале боз ҳам раванди омӯзиши он кашол меёбад.
Раванди қабули вакиснаи “Спутник” замоне боздошта шуд, ки ҳангоми санҷиш дар як корхонаи тавлидкунанда стандарти номуносиб ба GMP (Good Manufacturing Practice, станарти байналмилалии истеҳсоли таҷрибавӣ) мушоҳида шуд.
Раванди тасдиқи ваксинаи русӣ дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз баҳори соли 2021 оғоз шуда, то ба ҳол ба анҷом нарасидааст.
Дар оғоз ин созмон изҳори умед карда буд, ки то поёни моҳи июн ё аввали моҳи июл онро тасдиқ хоҳад кард. Вале чуноне дида мешавад, моҳи октябр низ фаро мерасад, аммо ҳеч нест, ки ин раванд ба анҷом расад.