Фоҷеа дар Элбрус: Панҷ кӯҳгард ҳалок шуд ва 14 нафарро наҷот доданд

Ҳангоми боло шудан ба кӯҳи Элбрус дар Қабардину Балқар панҷ кӯҳгард ба ҳалокат расидаву 14 тани дигарро наҷот додаанд. Амалиёти наҷоти касоне, ки дар баландии наздик ба 5400 метр қарор доштанд, беш аз 7 соати идома доштааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз наҷоти 14 тан хабар додаву бо таассуф қайд кардааст, ки панҷ тани дигар ба ҳалокат расиданд. 

“Маълум, ки сардӣ ба ҳамаи онҳо сахт таъсир карда буд. Дасту пои баъзеҳо шикаста ва хеле ба мушкил поин оварда мешаванд”,-гуфтааст ба Интерфакс Михаил Надёжин – сарвари ҳолатҳои фавқулода дар Қабардину Балқар. Вай ҳамчунин хабар додааст, ки амалиёти наҷот беш аз 7 соат ба шиддат идома дошт ва ҳоло ба анҷом расидааст. 

Гардишгароне, ки мехостанд ба қуллаҳои Элбрус боло шаванд, баъди бад шудани вазъи обу ҳаво барои кумак муроҷиат кардаанд. Ин кӯҳгардон аз 11 минтақаи Русия гирди ҳам омада буданд ва ҳамаи онҳо аз 30 сол беш доштанд ва аксарашон кӯҳгардони бетаҷриба буданд.  

Ин гурӯҳ ба баландии то 5400 метр боло рафтааст ва боди сарду шадид монеъи пешрафти онҳо шудааст. Суръати вазиши бод дар ин баландӣ ба 40 метр дар як сония расида ва дамои ҳаво то 20 дараҷа сард буд. 

Дар амалиёти наҷот наздик ба 70 нафар имдодгарон ва 16 адад техника иштирок кардааст.

Аз рӯи ҳодисаи марги одамон бо моддаи хидматрасоние, ки ҷавобгӯ ба талаботи бехатарӣ нест, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ҳамаи афроди наҷотёфта ҳоло дар беморхона бистарӣ шудаанд. Духтурон гуфтаанд, ки дар маҷмӯъ ба ҳаёти онҳо таҳдиди  марг нест. 

барчасп: