Пирофобия - Озарҳаросӣ, оташҳаросӣ, тарсидан аз оташ, оташтарсӣ. Анг. Pyrophobia. Тарс аз оташ. Ин ҳарос тарси куҳан ва қадимӣ аст ва эҳтимолан аз замони кашфи оташ аз ҷониби инсон вуҷуд доштааст.
Тарсидани ҳамешагӣ ва ҳарос аз оташсӯзиҳо. Одамоне, ки дар ҷангҳои иштирок кардаанд, миёни офатҳои табиӣ будаанд, фалокатҳои техногениро зиёд дидаанд ва аз онҳо ҷойе аз бадани худро сӯзондаанд, бештар тарс дорад. Аммо ҳатто аз тамошои филмҳои даҳшатафкан ва ё ҳатто аз хабарҳои ВАО дар бораи оташ ва сӯхторҳо метавонанд тарсанд.
Пиромания - анг. Pyromania - ваҳшат, девонагиву ҷунун, шавқу рағбат ва майлу ҳавас, ҷунуни оташафрӯзӣ ё оташафрӯзии беморгун. Ҳолатест мушобеҳи як бемории рӯҳӣ, ки ба сӯи оташ афрӯхтан такон медиҳад. Ҳамзамон аз тамошои сӯхтору оташсӯзиҳо, шод мешавад, лаззат мебарад. Ин гуна одамон на ба хотири ба даст овардани манфиатҳои моливу моддӣ даст ба чунин корҳо мезананд. Дар бисёр ҳолатҳо он метавонад натиҷаи пиролагания – эҳсоси шаҳвонӣ ба ҳангоми мушоҳидаи оташ бошад.
Таърифи пиромания чун асрори осебшиносӣ барои оташсӯзӣ аз соли 1824 пайдо шудааст. Аммо то ба имрӯз ҳам ин аломат то ба охир омӯхта нашудааст. Ҳодисаҳои пиромания барои равоншиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ ба як мавзӯъи омӯзиш табдил шудааст. Ин гуна беморон маъмулан ба сӯхтор менигаранд, онро дурудароз мушоҳида мекунанд ва эҳсоси хушиву шодӣ ва қаноат ҳосил мекунанд.
Дар ИМА пиромания ё худ шавқу рағбату ҷунун бо оташ миёни сӯхторхомӯшкунон як ҳодисаи маъмулӣ шудаву ҳамасола беш аз сад нафари онҳо боздошт мешаванд.