Сӯхторҳои бузурги олам. Идома.

Сӯхтори  Ню-Йорк, соли 1776

Соли 1776 ИМА ҳанӯз давлати мустақил набуд, балки мустамликаи Британия ба ҳисоб мерафт. Амрикоиҳо он солҳо барои истиқлоли худ даст ба муборизаҳои шадид зада буданд.

Тобистон соли 1776 британиёиҳо ҳоло дар Ню-Йорк буданд. Он замон ба сари кадоме аз истиқлолхоҳон фикре омад, ки ба ҷойи мубориза ва ҷанг ва талафи ҷону мол хубтар аст, ки шаҳр ба оташ кашида шавад ва ин мустамликадороне, ки намехоҳанд ҳокимиятро аз даст бидиҳанд, якҷо бо ҳама хонаву дару иншоотҳое, ки  маҳкам дар он нишастаанд, оташ гиранд. Аксари фармондеҳони вақт ин ғояро маҳкум карданд ва гуфтанд, ки ба мубориза бе тахрибкорӣ идома хоҳанд дод. Вале билохира он аз як қаҳвахона шурӯъ шуд ва шамоли сахт оташро фурӯзонтар кард. Тадриҷан оташ аз хонае ба хонаи дигар, аз биное ба бинои дигар мерасид. Дар натиҷа қариб 500 хона оташ гирифту сӯхта хокистар шуд, бисёре аз ишғолгарон ҷон бохтанд ва қисмати боқимонда фирор карданд. Афсарони артиши инқилобӣ бармаҳал шаҳрро такр карда буданд.   

Сӯхтори Москав дар соли 1812

Оташсӯзии Москав, ки 14 сентябри соли 1812 иттифоқ уфтод, аз мудҳиштарин сӯхторҳо дар таърихи Русия дониста мешавад. Ин замони ишғоли ин шаҳри азими Русия аз ҷониби неруҳои Наполеон буд, ки сарбозони муҳофиз ва сокинон яке паси дигар аз шаҳр хориҷ шуда буданд.

Оташ қисм ати бештари биноҳои чӯбсохтро пурра ба коми худ кашид. Вақте Наполеон дар муҳрибаи Бородино шикаст хӯрд, тасмим гирифт ба Москав ҳамла кунад ва ин шаҳри бузургро ба даст орад. Артиши фаронсавиҳо бе ягон муқовимат вориди шаҳр шуд. Аввал як сӯхтори хурде сар зад ва он батадриҷ ба оташсӯзии басо азиму харобкор табдил ёфт. То ба имрӯз посухи ин суол пайдо нашудааст, ки ин сӯхтор чӣ гуна сар зад ва то ташаббуси кӣ ин фоҷеаи аср рух дод. Баъзеҳо мегӯянд русҳо худ шаҳрро ба оташ кашиданд, то фаронсавиҳо дар сармо ва аз гуруснагӣ бимиранд, ҷойи рафт надошта бошанд. Ва дарвоқеъ чунин ҳам шуд. Артиши Фаронса гирифтори мушкили зиёд дар шаҳр шуд, ғизо намерасид, маводи сӯхт ба охир расид ва билохира бемории ҳамагир сарбозони гуруснаву ташнаро фаро гирифт.

Аммо ин як фарзия аст. Бино ба фарзияи дигар ин фаронсавиҳо буданд, ки шаҳрро ба оташ кашиданд. Ҷонибдорони ин фарзия мегӯянд шояд фаронсавиҳо аввал аз беэҳтиётӣ ва ё барқасдона чанд биноро оташ заданд ва чун натавонистанд онро хомӯш созанд, боқӣ биноҳо сӯхтанд.

Аввал бахши чӯбсохти Москав оташ гирифт ва тадриҷан забонаи он ба дигар биноҳо низ расид. Бино ба оморҳо на камтар аз 12 ҳазор нафар дар ин оташсӯзӣ ҷон бохтанд ва ба иқтисоди Русия зарари бузурге расид, мегӯянд 75%  сармояи Русия оташ гирифт.

СӮХТОРҲОИ БУЗУРГИ ОЛАМ. АЗ ТАХТИ ҶАМШЕД ТО ОТАШСӮЗИИ ЛОНДАН СОЛИ 1666

Аз се ду ҳиссаи биноҳо оташ гирифтанд, аз ҷумла Донишгоҳи Москав, китобхонаи Дмитрий Бутурлин, театри Арбат, Хонаи таълиму тарбия сӯхтанд. Бино ба арзёбии муаррихи рус Иван Катаев сӯхтор аз 9151 хонаи истиқоматӣ 6496 хонаро аз байн бурд. 8251 дӯкону мағоза ва биноҳои шабеҳи онҳо, аз 329 ибодатгоҳ 122 маъбад нобуд шуд. 

Сӯхтори Чикаго, соли 1871

Ин сӯхтори азим рӯзи 8 октябр шурӯъ шуд ва то 10 октябр идома дошт. Аз он оғоз шудааст, ки дар як сарой гове лампаи керосиниро чаппа кардааст. Сохтмони чӯбӣ оташ гирифтааст ва аз он ба биноҳои дигар гузаштааст.

Шумори умумии қурбониёни ин сӯхтор дақиқ нест, вале мегӯянд на камтар аз сесад нафар ҳалок шуданд. Аммо баъзе муаррихон гуфтаанд, ки ин сарой на бо гуноҳи ким - кадом ҳайвон, балки аз сигори як сигорӣ оташ гирифтааст. Дар ин миён фарзияи дигар низ вуҷуд дорад. Мегӯянд он бар асари бархӯрди ҳиссае аз кометаи Биэла ба Замин рух додааст.  

ҲАЛОКАТИ КИШТИИ “ВИЛГЕЛМ ГУСТЛОФФ» - ТИТАНИКИ РЕЙХИ СЕЮМ. КУШТАҲОИ ИН ФОҶЕА ТО 10 ҲАЗОР НАФАРАНД

Калонтарин сӯхтори табиӣ дар таърихи муосир: шаҳри Пештигои ИМА

8 октябри соли 1871 як оташсӯзии ҷангад дар ИМА, ки баъди хушксолии дурудароз рух дод ва онро шамоли сахт паҳн кард, ба тӯфони оташ табдил шуд.  Он шаҳри Пештиго (иёлоти Висконсин) ва чандин деҳоти атрофи онро пурра ба коми худ кашид. 1,5 ҳазор нафар ҷон бохтанд. 500 ҳазор гектар ҷангал ба коми оташ рафт. Бо вуҷуди он ки ҳаҷми зарар ва қурбониёни он зиёд буд, номаълум монд, чун ҳамон рӯз оташсӯзии Чикаго (иёлоти Иллинойс) рух дод, ки таваҷҷуҳи ҳамагон ба он ҷалб шуд.   (ниг.ба Сӯхтори бузурги Чикаго, соли 1871)

(Идома дорад)

барчасп: