То имрӯз дар саросари олам 229 миллиону 351 ҳазору 935 нафар чун мубтало ба Covid-19 сабт шуда, аз ин бемории ҳамагир 4 миллиону 706 ҳазору 699 нафар ҷон бохтаанд. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар кишварҳои дунё 145 ҳазору 846 сироятшудаи нав сабт шуда, 2 859 фавтидаанд.
Шумори беморони гирифтори коронавирус дар ИМА ба 42 миллиону 900 ҳазору 906 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз 11 923 нафар сироят шудаанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар аз КОВИД-19 691 880 нафар фавтидаанд.
Теъдоди мубталоён дар Ҳинд 33 миллиону 478 ҳазору 419 нафар эълон шудааст ва аз аввали ҳамагирӣ 445 165 тан ҷон бохтаанд.
Аз аввали пандемия Бразилия 590 786 нафар гирифторон ба COVID-19 –ро аз даст додааст ва 21 миллиону 239 ҳазору 783 нафар гирифтори ин беморӣ шуда, бештар аз 20 миллион нафар муолиҷа шудаанд.
Британияи Кабир бо 7 миллиону 429 ҳазору 746 гирифтор дар ҷойи чорум ва Русия бо 7 миллиону 274 ҳазору 928 мубтало дар ҷойи панҷум ҷойгиранд. То имрӯз дар Британияи Кабир аз COVID-19 135 203 ва дар Русия 198 218 нафар ҷон бохтаанд.
Теъдоди сироятшудагон ба коронавирус дар Қазоқистон аз аввали ҳамагирӣ ба беш аз 862 ҳазор, дар Қирғизистон ба 177 722 ва дар Ӯзбекистон ба 168 437 нафар расидааст.
Аз COVID-19 дар Қазоқистон 10 763, дар Қирғизистон 2588 ва дар Ӯзбекистон 1188 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати гиифтори ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар як хабри ин вазорат гуфта мешавад, ки дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба ва бо мақсади пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 114 ҳазору 660 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун кӯмаки башардӯстона дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ворид гардид.
Маросими расмии қабули ваксинаҳои мазкур имрӯз, 20 сентябри соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Абдухолиқ Амирзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавски ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Ин фазорат ҳамчунин иттило додааст, ки дар асоси имкониятҳои мавҷудбуда 62,4 дарсад ва ё 5,8 млн аҳолии аз синни 18 сола болои кишвар бо ваксинатсия фаро гирифта хоҳанд шуд.